- ҷилав
- [جلو]1. афзори чармини сари асп, ки барои ба даҳони асп андохтан ду оҳанчаи пайваст дорад ва ба он асп идора карда мешавад, лаҷоми асп; ҷилави касе ба дасти касе будан маҷ. ихтиёри касе ба дасти касе будан; ҷилави касеро кашидан касеро танбеҳ додан, касеро ба итоат (тартиб) даъват кардан; ҷилави чизеро ба даст гирифтан ихтиёри чизеро ба даст гирифтан; ҷилави чизеро сар додан чизеро ба ихтиёри худ мондан, кордор нашудан (бо касе, чизе)2. пеш, пеши ҳар чиз; дар ҷилави касе рафтан пеш-пеши касе рафтан; ба (дар) ҷилави асп рондан пеш-пеши асп пиёда рондан касеро; ба ҷилави касе афтодан пеш-пеши касе рафтан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.